Дирӯз дар пайи тағйироти кадрӣ дар ВКД, ки Шариф Назарзода аз мақоми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Душанбе барканор ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуд, ҳамчунин дар сохторҳои дигари ин вазорат ҳам тағйирот сурат гирифт.
Дирӯз бо қарори раиси ҳукумат Бароталӣ Ҳамидзода аз мақоми муовини вазири корҳои охилӣ озод ва ба ҷойи Шариф Назарзода сардори РВКД дар шаҳри Душанбе таъин шуд.
Ҳамчунин дар идома полковник Файзулло Нозимзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-лейтенант Искандар Солеҳзода сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар наклиёт,
генерал-майор Карим Солиев сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД ва генерал-майор Фотеҳ Қунғуротзода сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб таъин шуданд.
Генерал-майор Рустам Мирзомуродзода, ки то ин дам сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ буд, акнун муовини аввали сардори Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва Меҳмонони Олиқадр таъин шудааст.
Дар идома полковник Холмурод Ҷабборзода сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковник Нуралишоҳ Туразода сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Сафар Пирзода сардори ШВКД дар ноҳияи Файзобод, полковник Самад Сайфзода сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом, полковник Шодихон Амиршозода директори Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара таъин шудаанд.
Ҳамчунин бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД полковник Комилҷон Саидзода сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод, подполковник Рушон Ҷолизода сардори ШВКД дар ноҳияи Ишкошим, подполковник Абдураҳим Ғафорзода сардори ШВКД дар ноҳияи Вхши, подполковник Суҳроб Абдусамадзода сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус, подполковник Қурбон Хайруллозода сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалик ва майор Рустам Тоҳирзод сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун таъйин шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Беизтироб хонда намешавад”. Рӯнамоии китоби нави Гулсифат Шаҳидӣ дар Душанбе
Сайфулло Маҳкамов, рӯзноманигори тоҷикро дар зодгоҳаш ба хок супориданд
Дар “мардикорбозор”-и Душанбе чӣ мегӯянду чӣ гуна корҳо пайдо мекунанд?
Рамазон Раҳимзода бо Якоб Схермерс истирдоди шахсони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро баррасӣ кардааст
Чупик: "Аз пайи тоҷикон шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистонро ҳам ба Русия роҳ намедиҳанд"
Пуштибони Муъмину Лоиқу Бозор. Мирзо Турсунзода ва нақши ӯ дар адабиёт ва тарбияи истеъдодҳо
Аз қитъаи замин то шаҳодатномаи ронандагӣ. Чаро ваъдаҳои мақомот ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намекунад?
“Шоҳ” ва ситораҳои тобони ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омаданд. Онҳо дар "Dushanbe Grand Slam 2024” иштирок мекунанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зиёд шуд
БИР ва фондҳои рушди араб барои маблағгузорӣ ба неругоҳи “Роғун” 550 млн доллар ҷудо мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста