Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 25-26 август бо сафари корӣ ба Остона меравад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

Гуфта мешавад, сафар бо даъвати сарвари Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев сурат мегирад. Дар доираи сафар гуфтушнидҳо дар сатҳи олӣ баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, дар соҳаи нақлиёту логистика ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ мешаванд.

Дар хабар зикр мегардад, ки сарони кишварҳо ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар доданд, дар бораи сафари мазкур ҳоло маълумоти муфассал дода наметавонанд. Дар ин ҷо ваъда доданд, ки аз ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон баъдан хабар хоҳанд дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.