Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - ИМА (С5+1), ки қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Онҳо таъйид карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 18 то 21-уми сентябр дар Амрико хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Ва пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Ин маротибаи аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи президентҳо доир мешавад.

Бахшҳои асосии баҳс дар доираи ин ташаббус амният, иқтисод ва экология мебошанд.

Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.