Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаато ҷаласаи нахустини Шӯрои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозиву иттилоотии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар кори Шӯро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров ширкат варзид.
Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласаи шӯро масоили мушаххас сохтани самтҳои фаъолияти марказ барои ду соли оянда, тасдиқи сохтор ва ҳайати шахсии марказ ва Муқаррарот дар бораи фаъолият дар марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ин ба баъд Фаронса, Финландия, Италия, ИМА ва Интерпол чун нозир дар Маркази ҳамоҳангсози мубориза бо маводи мухаддир ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки маркази мазкур бо қарори сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Русия ва Туркманистон бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишоти мақомоти салоҳиятдори кишварҳо баҳри пешгирии қочоқи маводи мухаддир таъсис ёфта буд.
Шаби эҷодии Ҳошим Гадо дар Душанбе бидуни ҳузури худаш гузашт
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ
Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Тамдиди муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус”
Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон боришоти пуршиддат дар назар аст
Ҳисоббаробариҳои Тоҷикистону Русия бо рубл ба 80% расиданд
Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд
Дар Панҷакент кӯшки асрҳои VI-VIII кашф шуд
Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии кишварҳои узви СҲИ-ро ба ҳузур пазируфт
Навраси 13-сола дар дарёи Хонақоҳи Ҳисор ғарқ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста