Душанбе. 4-уми март - Мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бостонии мардумони форсизабон -Наврӯз дар маркази вилояти Балхи Афғонистон- шаҳри Мазори Шариф баргузор мегардад.

           Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мусоҳибаи Мудири умури фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муассисаи фарҳангии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Меҳр Фаромарз Таманно ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷоми Ҷам»-и Эрон хабар медиҳад, баъди ҷаласаи вазирони умури хориҷаи се кишвари форсизабон, ки соле қабл дар Душанбе баргузор гардида буд, ҷониби Афғонистон омодагии худро ҷиҳати баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон дар Афғонистон эълом дошт. Меҳр Фаромарз Таманно ҳадафи баргузории мулоқоти Сарони кишварҳои форсизабонро дар Мазори Шариф тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди фарҳангӣ, хусусан дар ҳавзаи густариши забони форсӣ арзёбӣ кардааст.

             Интизор меравад, ки Роҳбарони се кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамҷавор дар Мазори Шариф дар қатори баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, яке аз масъалаҳои умдаи фарҳангӣ- таъсиси шабакаи муштараки телевизонии кишварҳои форсизабонро баррасӣ менамоянд.

          Атташеи фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориёнфар Шамсулҳақ дар сӯҳбат ба хабарнигори хабаргузории расмии Тоҷикистон» Ховар» гуфт, ки дар доираи баргузории мулоқоти саввуми Сарони кишварҳои форсизабон қарор аст, ки Сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар маросими бардоштани парчами ҳарами мубораки Ҳазрати Алӣ иштирок хоҳанд кард. Ориёнфар Шамсулҳақ мегӯяд, ин оин ҳар сол дар рӯзи таҷлили Наврӯзи бостон ба ҷо оварда шуда, он рамзи бузургию каромоти Ҳазрати Алӣ ва шаҳодати неку бобарор омадани соли нави мардумони машриқзамин аст.