Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Шакли ниҳоии нақшаи чорабиниҳои ҳукумати ҷумҳурӣ перомуни пешгирии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.

            Тавре ёвари вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Анвар Латифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, асноди мазкур бо вазорату идораҳои марбут ба иқтисод, вазорати адлия ва созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мувофиқа гардида, танҳо хулосаи Бонки Миллии Тоҷикистон оид ба ин нақша боқӣ мондааст, ки рӯзҳои наздик дастрас мешавад.

            Ба гуфтаи мавсуф, ҷиҳати ҳаҷми маблағи пешбинишуда дар нақша ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст ва танҳо пас аз нақшаро маъқул шуморидани ҳукумат метавон мушаххасан дар бораи маблағгузории баъзе аз қисматҳои нақша мушаххасан маълумот дод.