Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Юрий Попов сафири Фавқулодда ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон таъин гардид.

            Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, рӯзи 6-уми март дар ин бора фармони презденти Русия Дмитрий Медведев ба имзо расид.

            Ёдовар мешавем, сафири қаблии Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов моҳи ноябри соли гузашта ин   мансабро тарк карда буд.

Қаблан Юрий Попов чун Сафир оид ба супоришоти махсуси ВКХ Русия ба ҳайси роҳбари Комиссияи якҷояи назорат оид ба танзими низоъи Осетияву Гурҷистон ифои вазифа менамуд.