Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои ҷ умҳурияв ӣ пешниҳодгардидаро барои с ӯ ҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат аз вазифаҳои пурмасъулияти давлату ҳукумат ва тамоми мақомоти ҳокимияти давлат ӣ дар марҳилаи кунунии бунёдкорию созандаг ӣ , ки ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии мардум аст, ёдовар шуда, кадрҳои ба вазифаҳои воломақом пешниҳодшударо ба меҳнати садоқатмандона ба манфиати То ҷ икистони азиз ва мардуми шарафманди он ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки баҳри бартараф намудани таъсири манфии б ӯ ҳрони ҷ аҳонии молияв ӣ аз тамоми кадрҳои роҳбарикунанда сатҳи баланди тахассус ӣ , қобилияти хуби ташкилотчиг ӣ ва кордон ӣ талаб карда мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.