Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи барномаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон, имрӯз президенти Хорватия Степан Месич, ки рӯзи 23-юми май ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, озими вилояти Суғд шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Хорватия дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо мақомоти раҳбарии вилоят дидору гуфтушунид карда, бо ёдгориҳои таърихии ин минтақа аз наздик ошно мегардад. «Президенти Хорватия аз як қатор иншооти саноатии вилоят низ боздид хоҳад кард», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин сафар перзиденти Хорватияро нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҳамроҳӣ мекунад ва нимаи дуввуми имрӯз Степан Месич ба ватан бармегардад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пештар пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Хорватия миёни кишварҳо як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Сарвари давлати Хорватия ҳамчунин бо раиси МН МО ҶТ Сайдулло Хайруллоев мулоқот ороста, бо фаъолияти КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» аз наздик шинос шуд.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста