Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон як   гур ӯ ҳ сафирони давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкор ӣ дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунун ӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногун ҷ анбаи То ҷ икистон бо ин созмони бонуфузи ҷ аҳон ӣ баррас ӣ шуд.

Сарвари давлат аз ҳамкории 17 –солаи То ҷ икистон бо Созмони амният ва ҳамкор ӣ дар Аврупо изҳори қаноатманд ӣ карда, ба он аз номи мардуми кишвар барои к ӯ макҳои зиёди дар солҳои вазнини гузашта расондааш арзи сипос намуд. Ба Бюрои Созмони амният ва ҳамкор ӣ дар Аврупо табдил ёфтани Маркази он дар шаҳри Душанберо Сарвари давлат лаҳзаи гузариш аз як давра ба давраи дигари ҳамкор ӣ маънидод карда, аз ҷ умла таъкид дошт, ки «ин бозг ӯ аз дурнамои умедбахши муносибатҳои мо аст».

Сафирон   нақши То ҷ икистонро дар таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказ ӣ , аз ҷ умла дар идораи муносибатҳои сарҳад ӣ басо муҳим арзёб ӣ намуда, изҳор доштанд, ки Созмони амният ва ҳамкор ӣ дар Аврупо аз ҳамаи тадбиру ташаббусҳои накӯи ин кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкор ӣ дастгир ӣ мекунад.

Ифтитоҳи Колле ҷ и фармондеҳии сарҳадии Созмони амният ва ҳамкор ӣ дар Аврупо, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, нати ҷ аи муҳими ҳамкории босамари ду ҷ ониб маънидод гардид.  

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкориҳо дар самтҳои демократикунонии ҷ омеа, аз мина ва дигар моддаҳои тарканда тоза кардани ҳудуди То ҷ икистон, татбиқи лоиҳаҳои иқтисод ӣ , рушди ҳамкориҳои минтақав ӣ дар Осиёи Марказ ӣ ва оид ба авзои кунунию дурнамои рушди Афғонистон гуфтуг ӯ йи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.