Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми имрӯз президенти Туркия Абдулло Гул ҷиҳати анҷоми нахустин боздиди расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.

Тибқи иттилои вазорати умури хориҷии ҶТ, фардо дар Кохи Миллат нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия ва сипас гуфтушуниди ҳайати васеи намояндагони ҳукуматҳо баргузор мешавад. Пас аз дидору гуфтушунидҳо имзои як силсила асноди ҳамкорӣ дар назар аст.

Тибқи барномаи сафар, президенти Туркия пагоҳ ҳамчунин дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии давлатҳо дар пойтахти Тоҷикистон ширкат варзида, сипас бо фаъолияти литсейи тоҷикиву туркии ба номи Хоҷӣ Камол аз наздик ошно хоҳад шуд.

Рӯзи 30-юми май Абдуллло Гул бо нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Сайдулло Хайруллоев мулоқот мекунад.

Тибқи маълумоти Вазорати умури хориҷии ҶТ, Туркия соҳибистиқлолии Тоҷикистонро 29-уми январи соли 1992 эътироф сохта, худи ҳамон рӯз муносиботи дуҷонибаи дипломатиро роҳандозӣ намуд.