Душанбе. 29-уми май. - Дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул баргузор гардид, ки барои боздиди расмӣ ба Тоҷикистон омадааст. Баъди ин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул мулоқоти ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар фарҷоми ин мулоқотҳо силсилаи ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд. Аз ҷумла, сарони ҳар ду давлат Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро «Дар бораи равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба» имзо карданд.

   Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Улон Чорикӯз созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркияро «Дар бораи бекор кардани раводид барои дорандагони шиносномаҳои хидматӣ ва махсус» имзо намуданд.

Онҳо, инчунин, Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро барои солҳои 2009 - 2010 ба имзо расонданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.