Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей, ки бо сафари кор ӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуд.

Масоили ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоссаи Сарвари давлати То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон бо Сарвазир и Шоҳигарии Белгия Херман Ван Ромпей ва сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расм ӣ баррас ӣ шуд.

Тава ҷҷ ӯ ҳи зиёд ба татбиқи нати ҷ аҳои сафари расмии Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон ба шаҳри Брюсел, ки моҳи феврали соли равон сурат гирифта буд, зоҳир гардид.

Масоили вобаста ба таҳкиму густариши муносибатҳои ду кишвар дар чаҳорч ӯ би барномаҳои ҳамкор ӣ бо сохторҳои аврупо ӣ ва ҳам мусоидат ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон аз мавз ӯ ъҳои асосии с ӯ ҳбат буд.

Таъкид гардид, ки дар барқарорсозии суботи сиёс ӣ ва иқтисодиёти Афғонистон аз имкону захираҳои ҳамкор ӣ бо кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷ умла То ҷ икистон, ки бо ин кишвари азиятдида сарҳади т ӯ лон ӣ дорад, бояд васеъ истифода карда шавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки монеаҳои сунъии дар Осиёи Марказ ӣ мав ҷ удбуда бояд баҳри таъмини мубодилаи озоди иттилоот, молу хизматрасон ӣ ва ҳаракати одамон бартараф карда шаванд.

Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказ ӣ ва дигар нақшаю барномаҳои рушди ҳамкории минтақав ӣ аз воситаҳои муҳими расидан ба ин ҳадафҳо маънидод гардид.

Нақшаҳои гидроэнергетик ӣ ва коммуникатсион ӣ бо назардошти судмандиашон барои тамоми кишварҳои минтақа дорои аҳамияти ҳаёт ӣ номида шуданд.

Зимни с ӯ ҳбати пурм ӯ ҳтаво ҷ онибҳо омодагии худро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.