Имрӯз дар иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи Кодекси андози ҶТ дар таҳрири нав баррасӣ мешавад.

Ҳамчунин дар рӯзномаи иҷлосия баррасии масъалаи ивази номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон низ ҷой дорад.

Ёдрас мекунем, ки Кодекси андоз дар таҳрири нав бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардид. Барои таҳияи он комиссияи махсус таъсис дода шуда, ин комиссия дар маҷмӯъ 45 ҷаласа доир намуд, ки дар дутои он бевосита сарвари давлат иштирок кард.

Барои таҳияи Кодекси нави андоз таҷрибаи Гурҷистон дар ин самт маврид иомӯзиш қарор гирифта, андешаҳои коршиносони Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки осиёгии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ ба инобат гирифта шуданд.