Тағйироти воридшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи шартномаҳои давлатӣ» бо пешниҳоди як гурӯҳи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар мавриди интиқоди шадиди аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қарор гирифт.

Дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумон узви Маҷлиси миллӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат Бахтиёр Худоёров дар ин робита изҳор кард, ки дар тағйироти ба қонуни мазкур воридшуда меъёри ягонаи истилоҳоти қонунофарӣ риоя нашуда, ғайр аз ин, тағйироти қабулшуда ба талаботи таҳияи қонун ҷавобгӯ нестанд.

«Вакилони палатаи поёнии парлумон як қатор калимаҳо дар матни қонунро иваз намуда, ба таҳрифи моҳияти он роҳ додаанд ва дар ҳамин ҳол, меъёрҳои забони тоҷикӣ низ ба инобат гирифта нашудаанд», - ишора карда ӯ ба камбудиҳо.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз бо пешниҳоди сарвари давлат судяи Суди олии кишвар Насимҷон Эҳсонов «бинобар вазъи солимӣ» аз мансаб бозхонда шуд.

Ҳамчунин бо пешниҳоди ссарвари давлат муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шаҳобиддин Зоиров судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон таъин шуд.