Имрӯз дар палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати муовини аввали раиси МН МО ҶТ Амиршо Миралиев оид ба масъалаи иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009-2020 музокироти парлумонӣ доир гардид.

Вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ зимни суханронӣ изҳор кард, ки имрӯз аз ҷониби гурӯҳи кории махсуси ҳукумат дар манотиқи ҷумҳурӣ 190 майдони сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ муайян шудааст, ки дар онҳо бидуни хароҷоти иловагӣ метавон нерӯгоҳҳои хурд бунёд намуд.

Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров зикр кард, ки танҳо тӯли 2 соли ахир дар кишвар 8 адад нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ бо иқтидори умумии беш аз 8 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ бунёд карда шуд.

Ба гуфтаи Ёров, барои сохтмони нерӯгоҳҳои зикршуда Бонки исломии рушд дар шакли бурс зиёда аз 9 млн. доллари ИМА ҷудо карда, ҳаҷми маблағгузории ширкати «Барқи тоҷик» беш аз 4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов иброз дошт, ки имрӯз баҳри рафъи камбудиву мушкилот ва беҳбуди самаранокии фаъолияти нерӯгоҳҳои хурд, зарурати ташхиси мукаммали нерӯгоҳҳои хурди аз оғози солҳои 90-уми асри гузашта бунёдшуда пеш омадаст.

«Айни замон дар кишвари мо таъсиси Маркази ягонаи хизматрасонӣ дар бахши гидроэнергетикаи хурд зарур аст», - гуфт Шабдолов.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲКТ ба ширкати «Барқи тоҷик» пешниҳод намуд, ки нерӯгоҳҳои хурди обиву барқии бунёдшуда ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ шомил карда шаванд.