Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи пешниҳоди тасдиқи Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум матраҳ гардид. Созишномаи мазкур аввали моҳи декабр дар шаҳри Женева ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи боҷҳои давлатӣ», «Дар бораи ипотека» ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масоили аз ҷониби Шӯрои парлумон баррасишуда ба муҳокимаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи чоршанбе, 9-уми январ баргузор мегардад, пешниҳод шуданд», - гуфт номбурда.