Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Созишнома «Дар бораи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат» якдилона маъқул шуморида шуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода қайд кард, ки узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) бешубҳа ба осонии дастрасии маҳсулоти кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

Ба қавли ӯ, имрӯз 97%-и тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҳиссаи кишварҳои узви СҶТ рост меояд. «Мувофиқи уҳдадориҳо дар доираи ин созмон, ҳаҷми боҷи гумрукӣ ба маҳсулоти воридшаванда ба кишвар бояд 8%-ро ташкил диҳад ва мувофиқи пешгӯии мутахассисон, имсол даромади буҷети Тоҷикистон аз расмиёти гумрукӣ шояд ба маблағи аз 9 то 11 млн. доллари ИМА коҳиш ёбад, вале мо боварӣ дорем, ки аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли ҳаҷми маҳсулот ин мушкилот ҳал хоҳад шуд», - гуфт вай.

Дар идома вазир иброз дошт, ки Тоҷикистон бояд дар СҶТ намояндагии худро боз намояд, зеро ба ин васила ҳалли мушкилоти мавҷуда бо кишварҳои довталаби узвият ба ин созмон осонтар хоҳад шуд. «Масалан, феълан Афғонистон нияти узвият ба СҶТ-ро дошта, транзити автомобилҳои боркаши Покистон тариқи қаламраваш ба Тоҷикистонро иҷозат намедиҳад ва дар сурати ба узвияти СҶТ пазируфтани Афғонистон, ин мушкилот базудӣ ҳаллу фасл хоҳад шуд», - қайд кард Ш.Раҳимзода.

Ш.Раҳимзода ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз 30 рӯзи анҷоми расмиёти дохилии давлатӣ, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ гардида, ин воқеа тахминан аввалҳои моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ мепайвандад.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми декабри соли 2012 дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии СҶТ дар Женева Тоҷикистон расман ба узвияти ин созмон пазируфта шуд.