Сафари муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи рӯзи 12-уми феврали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳанӯз рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта онҳо аз Русия огоҳинома гирифтаанд, ки кори ҷаласа ва мутаносибан сафари Шувалов ба Душанбе мавқуф гузошта мешавад. Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро Игор Шувалов ва нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов сарварӣ мекунанд.

«Чун ҷаласа мебоист дар сатҳи ҳукуматӣ ва нахуствазирон баргузор мешуд, ба ин кор Вазорати корҳои хориҷӣ машғул буд. Сабабашро ба мо шарҳ надоданд, вале изҳор намуданд, ки ҷаласа ба моҳи апредл мавқуф гузошта шуд», - гуфт манбаъ.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ки сабаби асосии мавқуф гузоштани ҷаласа мувофиқа нашудани ҳамаи масъалаҳо дар протокол аст. Ин протокол бояд аз рӯи натиҷаҳои маҷлис қабул мешуд. «Дар сурати ҳал шудани ин масъалаҳо санаи дақиқи баргузор кардани ҷаласа маълум мешавад», - иброз доштанд дар ВКХ.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи зикршуда баррасии беш аз 20 масоил, аз ҷумла созишномаҳо дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ, будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, масъалаи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва ғайра дар назар буданд.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз коршиносон мавқуф гузоштани баргузории ҷаласаро ба он рабт медиҳанд, ки Тоҷикистон то ҳанӯз Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистонро тасдиқ накардааст. «Русия қариб ҳамаи ваъдаҳояшро ба иҷро расонид, яъне созишномаҳои таҳвили маҳсулоти нафтӣ ва тартиби будубоши муҳоҷирони корӣ дар Русияро ба имзо расонид ва метавон гуфт, ки масъалаҳои асосии рӯзномаи ин ҷаласа ҳаллу фасл шудаанд ва акнун Маскав ба талаби тасдиқи созишнома оид ба пойгоҳи низомӣ ҳуқуқ дорад», - гуфт як манбаъи наздик ба доираҳои ҳукумат.