Чанде қабл таҳти раёсати нахуствазири ҷумҳурӣ ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукоти конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки ахири моҳи август дар Душанбе баргузор мегардад, доир гардида, дар он масоили марбут ба омодагӣ ба ин конфронс баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷаласаи кумитаи тадорукот таъкид шудааст, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани ин чорабинии муҳими байнулмилалӣ айни замон дар кишвар тамоми тадбирҳо андешида шуда, омодагӣ ба конфронс тибқи нақша ҷараён дорад.

«Дар робита ба тезонидан ва тасҳеҳи корҳои вобаста ба сабти иштирокчиёни конфронс, муайян кардани шумори ҳайатҳои кишварҳои иштирокчӣ ва дигар масоил Оқилов ба мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дод», - гуфт манбаъ.