Дар иҷлосияи имрӯзаи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ вакилон тағйирот ба қонуни ҳанӯз соли 2006 қабулшуда «Дар бораи рамзҳои президенти Тоҷикистон»-ро якдилона дастгирӣ намуданд.

Мутобиқи тағйирот, президенти Тоҷикистон аз рӯи мақом дорандаи ордени «Ситораи президенти Тоҷикистон» дараҷаи аввал мебошад.

Мувофиқи тағийроти дигар, ғолиби ҳар як интихоботи президентии Тоҷикистон аз раиси Суди конститутсионӣ ордени зикршуда, Нишони президенти Тоҷикистон ва Ливои президенти Тоҷикистонро қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки маросими расмии савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ доир мегардад.