Рузҳои 28-29-уми октябр нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов аз пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошанд боздид мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин рӯзҳо Оқилов ва ҳайати ҳамроҳӣ ӯ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ширкат хоҳанд варзид.

«Дар нақша аст, ки дар Тошканд нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои боркашонии байнулмилалии автомобилӣ созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмонро ба имзо мерасонанд», - зикр кард манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви СҲШ ҳисоботи Котиботи Созмон дар бораи ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкории гуногунҷабҳаи тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои узви СҲШ низ ворид гардидааст.