Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба истеъфо рафт. Пас аз интихоботи президентӣ ин таҷрибаи маъмулӣ буда, ба меъёрҳои муқаррашудаи Конститутсияи Тоҷикистон ҷавобгӯ аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин робита имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъсиси ҳукумати нави Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.