Бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим аз мансаб сабукдӯш гардида, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, собиқ раиси ин Кумита Давлаталӣ Саидов дар навбати худ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин вазифа Матлубхон Давлатовро иваз кард.

Ҳамчунин бо фармони президент собиқ раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов раиси ВМКБ ва ба ҷойи ӯ Азиз Гиёев раиси ин ноҳия таъин шуд. Қобиламо Ғуломшоева аз мансаби раиси ноҳияи Рӯшони ВМКБ сабукдӯш гардида, мансаби ӯро Худоёр Худоёров ишғол намуд.