Имрӯз зимни ҷаласаи нахусти ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳайати нав писари калонии президент Рустами Эмомалӣ сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат сардори собиқи ин ниҳоди давлатӣ Гурез Зарипов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуд.

Фаъолияти худро дар Хадамоти гумрук Рустами Эмомалӣ аз вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қонуншиканиҳои гумрукӣ оғоз намуда, сипас муовини сардори Хадамоти гумрук таъин гардида буд.

Маълумотнома: Рустами Эмомалӣ 19-уми январи соли 1987 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи «Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (МГИМО) аст. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Яке аз муассисон ва молики дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби як духтарча аст.