Ахири ҳафтаи сипаришуда нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода намояндаи домии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар Тоҷикистон Си Си Ю-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба ва таҳияи нақшаи ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ шуданд.

«Нахуствазири ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба рафти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузоришуда аз ҷониби БОР таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад», - иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ба роҳандозии ҳамкориҳо дар масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон низ таваҷчуҳ зоҳир гардида, ҷаноби Си Си Ю изҳор намуд, ки БОР ба кишварҳои иштирокчии ин лоиҳа дар таҳия ва баргузор намудани арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа кумак хоҳад кард.