Баргузории гуфтушуниди мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи парвози ҳавопаймоҳо миёни кишварҳо аз фурудгоҳи Жуковский санаи 24 ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Маҳмадюсуф Раҳмонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин хусус ба Вазорат аз ҷониби Русия нома расида, пас аз омӯзиши он посух дода шудааст, ки дар шароити ҳозира роҳандозии хатсайрҳои нав аз фурудгоҳи Жуковский даромаднок нестанд.
«Мо чунин мешуморем, ки фурудгоҳи Жуковский чанде қабл мавриди истифода қарор гирифта, алҳол 100% фаъолият надорад ва бо ҳамин сабаб ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз камшумории мусофирон зиён мебинанд. Аз ин рӯ, бар ин назарем, ки ин масъаларо бар асоси созишномаи байниҳукуматӣ ҳаллу фасл кардан зарур аст», - гуфт номбурда.
Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки айни замон бар асоси баробарӣ парвозҳо ба фурудгоҳҳои Тоҷикистон ва Маскавро дутогӣ ширкатҳои Русия ва Тоҷикистон анҷом медиҳанд.
Ҷониби Тоҷикистон қаблан барои парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ва ширкатҳои дигар кишварҳои хориҷӣ то 24 марти соли 2017 иҷоза додааст, вале ширкатҳои тоҷикистонӣ аз ҷониби Русия чунин иҷозатнома надоранд ва муҳлати иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба Русия санаи 1 декабр ба итмом мерасад.
Қобили зикр аст, ки қаблан қариб ҳамаи васоити ахбори умуми Русия иттилоъ доданд, ки ҳафтаи оянда Русия метавонад якҷониба парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистонро қатъ кунад. Бино ба маълумоти нашрияи Коммерсантъ, ин ба он вобаста будааст, ки Душанбе ба мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи нави Жуковский хоҳиш надоштааст.