Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 20 декабр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Тавре ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод, дар ҷаласа аъзои Шӯро 51 масъалаҳоро бо инобати 3 қонуни мукаммал: Қонуни ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҶТ амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Аз ҷумла, аъзои Шӯро Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҶТ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва Қонунҳои ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании  ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва пешниҳодоти Ҳукумати ҶТ дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия – деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ва ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб», инчунин пешниҳодҳои Президенти ҶТ-ро дар бораи бозхонди судяҳои Суди Олии ҶТ, муовини раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ, судяи Суди Олии иқтисодии ҶТ ва интихоби муовини раиси Суди Олии ҶТ, судяҳои Суди Олии ҶТ ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ ҷонибдорӣ карда, ба рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз, 21-уми декабр баргузор мегардад,  шомил намуданд. 

 Гузашта аз ин, дар ҷараёни кори ҷаласаи Шӯро аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ тибқи Дастури ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ  дар бораи тартиби кори ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум, рӯзномаи ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки аз тасдиқи фармонҳои Президенти Тоҷикистон ва Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ  иборат аст ва тартиби инъикоси ҷаласаи мазкурро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки 22 декабри соли равон баргузор мегардад, пешниҳод намуданд.