Вакили палатаи поёнии парлумон Ҷаббор Аҳмедов имрӯз зимни ҷаласаи навбатӣ пешниҳод кард, ки маблағи «андози роҳ» натанҳо ба буҷети давлатии Тоҷикистон, ки имрӯз аз ин таҷриба истифода мешавад, балки қисмате аз маблағи он ба буҷетҳои маҳаллӣ ҳам равона гардад.

«Роҳҳои маҳаллӣ асосан аз ҳисоби буҷети шаҳру ноҳияҳо таъмир мешаванд, лекин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард пурра ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад, ки дар навбати худ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушкил эҷод мекунад», - иброз дошт вакил.

Ин пешниҳоди вакилро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров низ дастгирӣ намуд.

Ӯ таъкид дошт, ки зимни омода кардани нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 пешниҳоди зикршудаи вакилро ба инобат гирифтан зарур аст.

Охири соли гузашта Вазорати молияи ҷумҳурӣ изҳор намуда буд, ки агар соли 2017 андози «роҳ» бекор мешуд, ба буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид мегардид. Он замон вазорат пешниҳод кард, ки бекор кардани андози мазкур то аввали соли 2018 мавқуф гузошта шавад.

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз қарор карданд, ки андози зикршуда то охири соли 2020 бекор карда намешавад.