Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба ммудати ду сол фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мақсади ин тасмим дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Мувофиқи фармон, ба ҷуз санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратури генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ, дигар ҳама гуна навъҳои санҷишҳо дар ин давра бекор мешаванд.

Дар ин робита президент ба парлумони Тоҷикистон баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи моратория»-ро пешниҳод кардааст.

Дар лоиҳаи қонун гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар давраи эълони моратория дар ҳолатҳои риоя накардани ҳуқуқҳои истехмолгарон, бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва дорувории тиббӣ пешбинӣ шудааст.

Дар давраи эълони моратория амали баъзе моддаҳои қонунҳои Тоҷикистон, ки ба гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ вобастаанд, боздошта мешавад.

Аз ҷумла, чанде аз моддаҳои Кодексҳо андоз, ҷангал, гумрук,  шаҳрсозӣ, қонуҳои ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи Палатаи ҳисоб», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳимояи рақобат», «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», «Дар бораи металҳои қимматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи энергетика»,  «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи байторӣ» ва боз чанде қонунҳои дигар.

Сарвари давлат ҳамчун лоиҳаи тағйирот ба қонун «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро низ ба парлумон фиристод, ки барои ҷорӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ба ҶСК «Тоҷик эйр» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати навсозии техникӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон равона гардида, мувофиқи он воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи паррандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои паррандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи парранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.