Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 29 майи соли равон, Фирдавс Саидзода Ҳамроҳ муовини раиси пойтахт таъин шуд.

Фирдавс Саидзода Ҳамроҳ, ки замоне ба корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон» роҳбарӣ мекарду аз соли 2015 то имрӯз ба ҳайси директори КВД «Васлу насби нақлиёти барқӣ ва велосипедҳо (дучархаҳо) фаъолият дошт, дар ин вазифа Қурбон Саизодаро иваз намуд.

Қурбон Саидзода бинобар сабаби вазъи саломатиаш бо хоҳиши худаш аз вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе озод карда шуд. Ӯ санаи 12 январи соли 2017 ба ин мансаб таъин гардида, масъулияти бахши нақлиёти пойтахтро бар дӯш дошт.

Қобили зикр аст, ки замони сари мансаб қарор доштани Қурбон Саидзода ба Душанбе аз Туркия даҳҳо адад автобусҳои ISUZU оварда шуда, фаъолияти таксиҳои 3-сомонӣ манъ шуданд ва ҳамчунин ҳаракати хатгардҳо (маршруткаҳо)-и «Старекс» дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт манъ шуда, тарзи нави пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо ҷорӣ шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.