Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният гуфт.
Дар паёми Сарвари давлат ба ин муносибат қайд мешавад, ки моҳи Рамазон ва иди Фитр барои мардуми мусулмони мо аз ҷумлаи суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шафқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд.
«Дини мубини ислом ба мусулмонон талқин мекунад, ки дар зиндагии худ ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва таассубу хурофот роҳ надиҳанд, - омадааст дар паём. - Тибқи ин фармудаҳо мардум бояд ҳангоми баргузории иди Фитр ба одоби оростани дастурхони хоксоронаи маънавӣ одат кунанд ва фарҳанги дуруст истифода бурдани дороиҳои худро дар зиндагиву рӯзгордории хеш ҳамеша риоя намоянд».
Дар табрикот гуфта мешавад, дигар фазилати муҳимме, ки бузургони таҳаммулгаро ва сулҳдӯсти мо анҷом додани онро дар рӯзи иди Фитр фармудаанд, авфи гуноҳҳо ва бахшидани озурдахотирии байни ҳамдигар мебошад, ки ба таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа мусоидат мекунад.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки дар моҳи мубораки Рамазон шаҳрвнадони ҷумҳурӣ ба анҷом додани амалҳои хайр ва корҳои ободонӣ, аз қабили об овардан ба маҳалҳои аҳолинишине, ки сокинони онҳо аз об танқисӣ мекашанд, бунёду таъмир таъмир кардани мактабҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва сохтмону тармими пулу роҳҳо вусъати тоза бахшиданд.
Таъкид мешавад, ки яке аз рукнҳои муҳимми моҳи шарифи Рамазон додани садақаи фитр буда, тибқи таълимоти Қуръону ҳадис ва фатвоҳои бузургони мазҳаби ҳанафӣ садақаи фитр яке аз василаҳои муҳимми дастгирӣ ва кумак ба шахсони ниёзманд аст ва бояд ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон ва маризону камбизоатҳо дода шавад
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста