Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, хабари рух додани офатҳои табииро дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу-ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, дар Тоҷикистон бо андӯҳи зиёд қабул намуданд.

«Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллиёти самимии моро бирасонед. Ба осебдидагон шифои комил орзумандем», - таъкид мешавад дар барқияи Сарвари давлати Тоҷикистон.

1/7

Қобили зикр аст, ки бар асари обхезиву фаромадани ярч дар Япония, ки аз 5 июл оғоз гардиданд, беш аз 100 нафар ҳалок ва зиёда аз 50 нафар бедарак шуданд, хабар медиҳад BBC News. Ба ду миллион нафар сокинон дастур дода шудааст, ки ба макони бехавфу амн бикӯчанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.