Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти савари давлат, онҳо аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот, ки айни замон дар 78 қитъа бо сатҳу сифати баланд, шабонарӯзӣ идома дорад, шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

Гуфта мешавад, шиносоии Сарвари давлат нахуст аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад, оғоз гардид.

Дар ин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар вақти сохтмони марҳилаи аввали сарбанд баробари иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ гардид.

Тибқи иттилои масъулон то ба имрӯз дар сарбанди нерӯгоҳ 48 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб ва дар асоси лоиҳа беш аз 45 ҳазор метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии геомембрана, ки ҳамчун маводи зиддиполоишӣ асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол карда мешавад, истифода гардидааст.

Геомембрана дар қисмати пеши сарбанд қисм-қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар маводи зиддиполоишӣ насб гардида, ба гуфти масъулони сохтмон, амалӣ намудани ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарони муҳандисию техникии НБО “Роғун”-ро ҳидоят карданд, ки ҳар амалӣ  сохтмонӣ дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд иҷро карда шавад, зеро иншооти мазкур ҷузъи асосии нерӯгоҳ ба ҳисоб рафта, бунёди саривақтии он, пеш аз ҳама дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат- таъмини истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ хоҳад дошт.

Баъди шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар қисматҳои алоҳидаи сарбанди НБО “Роғун” Президенти Тоҷикистон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хати конвейрӣ иштирок намуданд.

Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати “Салини Импреҷило” сурат гирифта, дар ҳоли ҳозир 4 ҳазору 200 метрро ташкил медиҳад. Корҳои заминӣ ва оҳану бетониро дар ин минтақа мутахассисони ширкати сохтмонии «Тоҷикгидроэлекторомантаж» ба анҷом расонида, васлу насби таҷҳизот аз ҷониби ду ширкати хориҷӣ амалӣ карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти хати конвейрӣ, ки истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи Италия, Франсия ва Олмон мебошад, дар як соат имкони интиқол додани 3 ҳазор тонна сангу шағалро дорад. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, аз конҳои алоҳида бе харҷи зиёдатӣ ва сарфаи вақт сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ ба мавзеи бунёди сарбанди асосӣ интиқол дода мешавад.

Ёдрас мешавад, ки барои бунёди сарбанд ва дигар иншооти нерӯгоҳ беш аз 50 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағал ва дигар намуди ҷинсҳои кӯҳӣ захира карда шудааст ва имрӯзҳо дар ин самт бо истифода аз техникаю механизмҳои замонавӣ корҳо бо суръат идома доранд.

Дар саргаҳи хати конвейрӣ ҳамзамон ду коргоҳи коркарди маводи шағалзамин сохта шудаанд, ки вобаста ба зурурият тариқи автоматӣ ҳамагуна ҷинсҳои кӯҳиро барои истифода дар сарбанд мутобиқ месозанд. Бо бунёди марҳилаи дуюм масофаи хати конвейрӣ маҷмӯан ба 9 километр мерасад, ки нуқтаи ниҳоии он мавзеи сохтмони садди асосӣ хоҳад буд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 16 ноябри соли 2018 дар назар аст. Дар ин бора зимни вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати итолиёвии Salini Impregilo Пиетро Салини итминон дод. Ширкати мазкур аз моҳи октябри соли 2016 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғул аст.

Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун тибқи маълумоти пешакӣ, дар маҷмӯъ наздики 4 млрд. сомонӣ маблағ зарур аст. Дар нерӯгоҳ насби 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Сарбанди 335 метр гиливу хокии нерӯгоҳ баландтарин чунин сарбанд дар ҷаҳон хоҳад буд. Ин иншоот ҳамасола 17 млрд. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсол мекунад, ки дар муқоиса бо иқтидори нерӯгоҳи Норак якуним баробар зиёдтар аст.