Раиси вилояти Суғд, раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дар ҳамоиши тиҷоратии се вилояти наздисарҳадии минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳайатҳои шахсони расмӣ ва тоҷирон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканди Қирғизистон Омурбек Суваналиев ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 апрел ба Фарғона ташриф оварда, бо ҳокими ин вилоят Шуҳрат Ғаниев дидору гуфтушунид мекунанд.
Дар Фарғона рӯзи 23 апрел таҳти унвони “Ҳамгироии қаламравҳои наздисарҳадӣ - гарави рушд” (Интеграция приграничных территорий - залог развития) ҳамоиши тиҷоратӣ доир мегардад. Дар доираи кори форум оид ба ҳамкорӣ дар саноат ва бахши кишовразӣ ду иҷлосияи соҳавӣ баргузор мешавад.
Дар барномаи чорабинӣ ба вохӯрии роҳбарони се минтақаи наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли вилояти Фарғона боздид намуда, бо фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзии минтақа шинос мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Бе зарурат ба Русия сафар накунед”. Шарҳи ВКХ Тоҷикистон оид ба банд мондани садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста