Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мардуми кишвар даъват кард, ки ба муҳлати ду сол хӯрокворӣ захира намоянд.
“Солҳои охир доим таъкид месозам, ки ҳар як оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад”, - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон Паёми шодбошиаш ба муносибати ҷашни Сада.
Сарвари давлат таъкид доштааст, ки бар асари тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати замин, инчунин, рӯз ба рӯз шиддат гирифтани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза, торафт зиёд шудани аҳолии сайёра ва афзоиши талабот ба озуқаворӣ ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст.
“Ин пешниҳод тасодуфӣ набуда, аз таҳлили амиқи вазъи пешгӯйинашавандаи ҷаҳони имрӯза, гусаста шудани занҷираҳои пешини таҳвили молу маҳсулот ва пайваста боло рафтани нархи маҳсулоти озуқаворӣ бармеояд”, - зикр мегардад дар паёми сарвари давлат.
Зикр мешавад, ки “дар шароити бисёр мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, замину обро самараноку оқилона истифода барем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва барои амалисозии ҳадафи стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми худро гузорем”.
Қобили зикр аст, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста