Чанд манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, ки як муовини раиси вилоят иваз шуда, дар шаҳри Нораку Левакант ва ноҳияи Данғара низ раисони нав таъин гардидаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, Анзурат Абдусаломзода ба ҳайси муовини раиси вилояти муаррифӣ шудааст. Ӯ то ба ин вазифа таъин шудан, ба ҳайси сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон фаъолият мекард. Пештар аз ин, Анзурат Абдусаломзода ҳамчун муовини директори “ТВ Хатлон” ва муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор кардааст.
Ӯ дар ин вазифа Фирӯза Шарифиро иваз кардааст, ки тибқи иттилои дастрасгардида, иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак таъин шудааст.
Раиси ҳамакнун пешини шаҳри Норак Дилшод Асозода ба кадом вазифа таъин шудааст, маълум нест.
Мастура Табарӣ, ки то ин замон муовини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, аз вазифа озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Левакант таъин шудааст. Ӯ дар ин вазифа Бунафша Сайфиддинзодаро иваз кардааст, ки дирӯз раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин, имрӯз Сиҷоуддин Саломзода раиси ноҳияи Данғара таъин гардидааст. Ӯ то ин замон дар вазифаи муовини раиси шаҳри Душанбе кор мекард. Пештар аз ин, Саломзода дар вазифаи раиси шаҳри Исфара ва Бохтар низ фаъолият кардаст.
Ба кадом вазифа таъин шудани Раҳмон Исломиддин Хайриддин, ки то ин замон раиси ноҳияи Данғара буд, маълум нест.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста