Имрӯз, 14-уми феврал, дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти додситонӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Роҳбари давлат бо кадрҳои нав мулоқот карда, ба онҳо як сол муҳлат дод, то ду забони хориҷиро аз худ кунанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон менависад, ки дар курсии муовини якуми додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини додситони вилояти Хатлон, муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб “кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ таъин гардиданд”.

Ғайр аз ин, додситонҳои ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, шаҳри Роғун ва ноҳияи Нурободи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ нав шуданд.

Ҳамчунин, дар вазифаи сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон кадрҳои ботаҷрибаву ҷавон таъин гардидаанд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти додситонӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаааст.

“Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба кадрҳои таъиншуда ва ҳамаи кормандони дигари соҳаи прокуратура доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои ҶТ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо дод”, - менависад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбат ба кормандони соҳаи додситонӣ таъкид кардааст, ки “агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”.

Манбаъ меафзояд, ки “сарвари давлат зимни суҳбат ба забондонии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд ва барои тамоми кормандони мақомоти прокуратура дар баробари забони модарӣ барои аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат дод”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.