Аз ҳизби ҳоким ба палатаи поёнии парлумон вакили нав интихоб шуд: Бибиосия Аюбӣ ба ҷои Дилрабо Мансурӣ узви Маҷлиси намояндагон гардид. Дар ин робита қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) содир шуд ва онро рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кард.

Ба гуфтаи манбаъ, бинобар пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, тибқи рӯйхати номзадҳои интихобгардида аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мандати вакилӣ ба номзад Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода дода шуд.

Бибиосия Аюбӣ чун вакили Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта шуда, ваколатҳояш тасдиқ карда шудаанд.

Инчунин, ба Бибиосия Аюбӣ тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дода шудааст.

Дар гузашта Бибиосия Аюбӣ ба ҳайси муовини директори Агентии хидмати давлатӣ фаъолият дошта, ахиран директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди пезиденти Тоҷикистон буд.

Дилрабо Мансурӣ
Акс аз сомонаи iacis.ru

Ӯ ба ҷои Дилрабо Мансурӣ, ки аввали моҳи феврал муовини сарвазир таъйин шуд, аз рӯйи рӯйхати номзадҳои ҲХДТ вакили парлумон интихоб шуд.

Ёдовар мешавем, ки Дилрабо Мансурӣ, ки соли 2015 ба палатаи поёнии парлумони кишвар ворид шуд ва аз соли 2020 то охири январи соли 2024 муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон буд. Аввали соли ҷорӣ ӯ муовини сарвазир таъйин гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.