Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар робита ба фурӯрезии  бино дар шаҳри Москва аз вазъи 8 нафар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти сафорат, онҳо дар ҳоли ҳозир дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарӣ буда, айни замон вазъи саломатии чор нафар -  Умаров Аслан, Мустафоев Улмас, Эшмуродов Парвиз ва Ашӯров Аслиддин каме вазнин аст. «Вазъи саломатии дигар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон қаноатбахшу муътадил аст», - гуфта мешавад дар хабари сафорат.

Ёдрас мекунем, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.