Имрӯз дар таълимгоҳи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон барои кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири (РММҒММ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг оғоз гардид, ки қарор аст муддати 10 рӯз идома кунад.
Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии мазкур хабар доданд, тӯли ин муддат кормандони РММҒММ аз рӯи истифодаи барномаи «Microsoft Office Excel» ҳангоми омода кардани маълумоти оморӣ, «i2» ҳангоми таҳлили гуфтугӯҳои телефонӣ ва «Intellect» омӯзиш хоҳанд дид.
«Тобистони соли ҷорӣ баргузории тренинги ҳамсон барои он идда аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки мутассадии омодасозии ҳисобот мебошанд, дар назар аст .
Музаффар Ҳотамов, сардори Шӯъбаи кадрҳои Агентӣ мегӯяд ин на аввалин дарси омӯзишист, ки мураббиёни Агентӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар мегузаронанд», - гуфтанд дар Агентӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар гузашта низ чунин тренингҳо на танҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, балки барои кормандони идораҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор карда шуда буданд.
Дар айни замон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифтитоҳи маркази бозомӯзии кормандони хадамоти зиддимухаддиротӣ, ки аз ҷониби САҲА маблағгузорӣ шудааст, омодагӣ меравад. Ҳоло корҳои насбкунии таҷҳизоти омӯзишӣ, техникаи ташкилӣ ва бунёди китобхонаи махсус идома доранд.
Нигаронии ҷиддӣ аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон. Тоҷикистон ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид
Бонки исломии рушд барои сохтмони НБО Роғун 150 миллион доллар ҷудо кард
Дар Тоҷикистон 25 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Бонки миллӣ бори дуюм аз оғози сол меъёри бозтамвилро паст кард
Аввал расид, баъд шаҳодатномаи хатм? Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Президенти БАТР бо сафари дурӯза ба Душанбе меояд
“Бегуноҳ аст”. Додгоҳҳои Тоҷикистон давоми 5 сол чанд ҳукми сафедкунанда содир кардаанд?
Амрико барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи Панҷакенти куҳан беш аз $186 ҳазор ҷудо кард
Супоридани имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон сангинтар мешавад
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм низ бахти футзалистони тоҷик дар пеналти омад накард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста