Сокини ноҳияи Исфара ба нишони эътироз ба ҳукми содирнамуда ба рӯи судя кислота пошид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат аз вилояти Суғд Файзинисо Воҳидова хабар дод, рӯзи шанбеи 21-уми июл сокини маҳаллӣ Зайнобуддин Ҷӯраев ба кабинети судя Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба рӯи ӯ ксилота пошидааст. З.Ҷӯраев яке аз иштирокчиёни парвандаи ҷиноие будааст, ки баррасии он таҳти раёсати судяи мазкур доир гардидааст.

«Судя ҷароҳатҳои сӯхтаи вазнин бардошта, айни замон табибон барои ҳаёти ӯ мубориза мебаранд. Айни замон маълум шудааст, ки як чашми судя нобино гардидааст», - иттилоъ дод адвокат Ф.Воҳидова.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Исфара Алиҷон Маҳмудов хабар дод, 27%- рӯй ва дигар узвҳои судя ҷароҳатҳои сӯхта бардоштааст.

Ба қавли Ф.Воҳидова, З.Ҷӯраев муддати солҳои зиёдест, ки аз рӯйи масъалаи амволӣ дар суди Исфара баҳс дорад. Соли 2003 суди ноҳияи Исфара оид ба манзили зисти аз падараш боқимонда ба манфиати З.Ҷӯраев ҳукм содир намуд. Вале соли равон яке аз хешовандони Ҷӯраев, ки ӯ низ ба ин амвол ҳақталабӣ дорад, дубора даъво пеш оварда, ин дафъа суд ба манфиати даъвогари нав ҳукм содир кард.

Дар ҳамин ҳол, Воҳидова зикр кард, ки айни замон Ҷӯраев боздошт шуда, нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 356-и КҶ ҶТ (Таҳдид ё зуроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи  ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Ӯ иброз дошт, ки ин амал нишони эътироз ба низоми судӣ аст. «Аҳолӣ аллакай ҳама гуна сабру таҳаммулро аз даст дода, ба адолати судӣ эътимод надорад, аз ин рӯ, одамон ба чунин амалҳо даст мезананд. Ин нишони эътирози аҳолӣ ба тамоми низоми судии Тоҷикистон аст», - чунин мешуморад Воҳидова.

Ин нахустин ҳодиса дар Тоҷикистон аст, ки иштирокчии мурофиаи судӣ бо чунин амал норозигии худ ба ҳукми содиршударо баён менамояд.