Дар зарфи ду рӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ беш аз 200 адад аслиҳаи оташфишон ихтиёрӣ ба мақомоти ҳукумат супурда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, аз аҳолии ин минтақа миқдори махсусан калони яроқу лавозимоти ҷангӣ, ба хусус даҳҳо мил автомати «Калашников», пулемёт, норинҷакҳо, гранатомёт, снарядҳо, тӯп, сарулибоси ҳарбӣ, тирҳои гуногунтамға ва дигар яроқҳои вазнини ҷангиву лавозимоти ҳарбӣ, инчунин маводи доруворӣ бароои муолиҷаи захмҳо гирифта шуданд.
«Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои мусоидат ба ҷараёни ихтиёран супурдани яроқу аслиҳа аз ҷониби аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ ба намояндагони дин, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҷавонон, аҳли зиё ва сокинони ҷудогонаи шаҳри Хоруғ изҳори миннатдорӣ менамояд», - таъкид дошт Асадуллоев.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи ВКД изҳор кард, ки имрӯз низ ҷараёни супурдани аслиҳа идома хоҳад ёфт.
Қаблан ВКД эълом дошта буд, ки шахсоне, ки ихтиёран аслиҳаи ғайриқонунӣ нигоҳдоштаи худро месупоранд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ҷараёни ихтиёран таслим кардани яроқу аслиҳа дар Хоруғ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз гуфтушуниди тӯлонии ҷонибҳо оғоз гардид.
Амалиёти маҳви гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар Хоруғ санаи 24-уми июл оғоз гардид. Аъзои ин гурӯҳ ба қатли сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ генерал Абдулло Назаров гумонбар дониста мешаванд. Марҳилаи фаъоли амалиёт пас аз як рӯз ба анҷом расид. Бино ба маълумоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар ҷараёни амалиёт ду тан аз аҳолии осоишта ҳалок шудаанд.
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Сардори Хадамоти федеролии амнияти Русия: “Ташкилкунандаи асосии ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” дар хориҷа аст”
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста