То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба андозаи 86% ба иҷро расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурра ба иҷро расидааст.
Ба қавли вай, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба андозаи 93%, вилояти Суғд – 83%, ноҳияҳои тобеи марказ – 79% ва шаҳри Душанбе – 84% ба иҷро расидааст.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.
Комиссияи ҷумҳурияии ташкили маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова сарварӣ мекунад. Сардори Раёсати тадорукотӣ-сафарбарии Ситоди кулли Вазорати мудофиа Хушвақт Мироваров муовини ӯ таъин гардидааст.
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
“Либоси миллиро бо меъёри шаръӣ пӯшед”. “Ҳимоят”-и муфтии Тоҷикистон аз тарҳи қонуни манъи "либоси бегона”
Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар ноҳияҳои Темурмалик ва Балҷувон шинос шуд
“Парвози ҳунар”. Таҷлили 70-солагии умр ва 50-соли фаъолияти эҷодии ҳунарпеша Бурхвалӣ Ғуломҳайдар
Дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” ба равуои нақлиёти гаронвазн маҳдудият ҷорӣ шуд
Сафи муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон дар Русия сол то сол камтар мешавад
Даромади солона аз канали Қуштеппа дар Афғонистон 500 млн доллар арзёбӣ шуд
Дар роҳҳои Душанбе дурбинҳои худкор ва радарҳо фаъол мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста