Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 70 нафар собиқ маҳбусони низомиро, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекарданд, мавриди афв қарор дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, аз муҳлати адои ҷазои минбаъда 50 нафар собиқ хизматчиёни низомӣ озод гардида, муҳлати ҷазои боз 20 нафари собиқ низомиён кам карда шудааст. Ҳамаи 50 нафар афвшуда, ки ному насабашон ифшо намегардад, имрӯз аллакай дар озодианд.
«Миёни онҳо хизматчиёне ҳузур доранд, ки барои содир намудани ҷиноятҳои ҳарбӣ аз қабили худсарона тарк кардани қисми низомӣ, даст доштан дар муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва дигар ҷиноёти начандон назаррас маҳкум шуда буданд. Низомиёне, ки барои содир намудани ҷиноёти вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ё қатли инсон маҳкум шуда буданд, мавриди афв қарор нагирифтанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдоми хайру башардӯстона ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди Артиши миллӣ сурат гирифт.
Ба андешаи коршиносон, ин оғози таҷрибаи хуб буда, бори нахуст аст, ки дар ҷашни Артиши миллӣ хизматчиёни низомӣ афв шуданд. «Аз ин хабар танҳо эҳсоси мусбат ҳосил шуда, агар софдилона иқрор шавем, дар маҳкум гардидани онҳо гуноҳи мо, роҳбарон ва фармондеҳони сохторҳои қудратӣ низ ҳаст. Ин камбудиву норасоии фаъолияти мо низ мебошад», - гуфт бо шарти ифшо нашудани номаш як намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Афви шаҳрвандон яке аз ваколатҳои президенти ҶТ мебошад, ки он дар моддаи 69-и Конститутсияи кишвар зикр шудааст. Мувофиқи Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳар як маҳкумшуда метавонад мавриди афв қарор гирад.
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Тоҷикистониён кадом расонаҳоро бештар пайгирӣ мекунанд?
Маоши кам сабаби тарки соҳа кардани мутахассисон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ шудааст
Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд
Дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон “эҳтимоли табодули қитъаҳо” ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро истисно надонист
Интиқом барои террор дар “Крокус” ё чораҳои зиддитеррористӣ? Омили аслии бархӯрди шадиди Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон чист?
Сафири Амрико аз водии Рашт боздид кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста