Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндагони кишварҳои арабӣ таҳти сарварии директори Маркази иттилооотии мубориза бо маводи мухаддири Шӯрои ҳамкориҳои давлатҳои Араб Рашид ал-Мароиҳӣ баргузор гардид. Дар мулоқот ҳамчунин намояндагони султони Баҳрайн ва Уммон ширкат намуданд.

Бино ба иттилои АНМН, меҳмонон ба вазъи мухаддиротӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва Афғонистон, равандҳои рушди он ва чораву тадбирҳое, ки зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир андешида мешавад, ҳамчунин фаъолияти Шӯъбаи иттилоотӣ таҳлилӣ мароқ зоҳир намуданд

Сарвари Агентӣ ҳайати меҳмононро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти Агентӣ ва дигар мақомоти салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин самт, бо чораҳое, ки Ҳукумати кишвар дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир меандешад ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ошно намуд.

Дар поёни мулоқот ҳайат бо фаъолияти Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентӣ шинос шуд.