Зимни як қатор амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ аз кӯшишҳои навбатии коҷоқи маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон ҷилавгирӣ шуд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар вилояти Суғд кормнадони кумита ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 30-солаи шаҳри Истаравшан Баҳромҷон Маҳмудовро дастгир намуда, аз ӯ ба миқдори 1 килову 520 грамм маводи нашъадори навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира карданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни амалиёти муштараки кормандони КДАМ ва марзбонони ҷумҳурӣ дар мавзеи Даштаки ноҳияи Ванҷ бо қочоқчиён задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа сарҳадшиканон ба самти Афғонистон паноҳ бурдаанд ва дар ҷойи ходиса 3 кило  маводи мухаддир ва 2 адад автомати Калашников дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, зимни як амалиёти дигар дар ноҳияи Панҷ пас аз муқовимати мусаллаҳона сарҳадшиканон дар ҷойи ҳодиса 19 кило  маводи нашъаовари бангдонаро партофта, ба қаламрави Афғонистон паноҳ бурдаанд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, аз аввали соли равон кормандон ин ниҳод дар маҷмӯъ 1 тоннаю 474 кило маводи нашъаовар, аз ҷумла ҳудуди 195 кило героин, 621 кило ҳашиш, 114 кило афюн ва наздики 500 кило мухаддироти гуруҳи бангдонаро мусодира намуданд.