Дар вилояти Суғд ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) се тан аз сокинони вилоят боздошт шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шуъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ду нафари онҳо, Ф.М. ва Д.З.-и 30 сола дар қаламрави ноҳияи Ашт ва гумонбари сеюм – А.Э.-и 27-сола аз ҷониби кормандони ин шуъба зимни бозгашт аз Русия ба ватан дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, нисбати онҳо мутобиқи моддаи 187-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни минбаъдаи тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ варзида шуд.
Аз соли 2001 фаъолияти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст. ҲИӮ созмони исломӣ мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби собиқ аъзоёни як қатор ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии дар Ӯзбекистон мамнӯъбуда, тимсоли «Ҷомеаи адолат», «Ҳизби Эҳёи исломӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҷанговарони Ислом» ва ҳоказо таъсис дода шудааст.
Ситоди он то оғоз шудани амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дар шаҳри
Қандаҳори ин кишвар воқеъ буд. Аксари аъзоёни ҲИӮ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби Мухолифини муттаҳидаи тоҷик ширкат варзидаанд. ҲИӮ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста