Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ мизони ҷинояткорӣ дар вилояти Суғд 11,1% боло рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентиии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ин давра дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 3 ҳазору 584 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 359 ҳолат ё худ 11,1% (дар 10 моҳи соли 2012 – 3 ҳазору 225 ҷиноят) бештар аст.

Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ шумори ҷиноятҳои вазнин дар вилоят 64 ҳолат ё худ 10,2% афзудааст. Вазъи ҷинояткорӣ бештар дар ноҳияҳои Шаҳристон, Зафаробод, Ғончӣ, Ашт, Кӯхистони Мастчоҳ ва шаҳри Истиқлол нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, шумори ҷиноятҳои дуздӣ дар ин давра 659 ададро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,6% камтар буда, шумори ҳодисаҳои ғорати манзилҳои шаҳрвандон ба андозаи 24,4% коҳиш ёфтааст.