Дар доираи Ташаббуси волоияти қонун барои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) ташкил шуда, бо роҳбарии Фаронса ва Олмон, ки тибқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Платформаи волоияти қонун – Осиёи Марказӣ” амалӣ мегардад, машғулияти таълимиро оиди баланд бардоштани тахассуси судиҷрочиён, дар санаи 11-15 ноябри соли 2013 дар ш. Душанбе, баргузор менамоянд.
Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, машғулияти мазкур дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлия ва Раёсати ташкили фаъолияти судиҷрочиён дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Мақсади чорабинӣ аз омӯзонидани судиҷрочиёни тамоми манотиқи Тоҷикистон доир ба принсипҳои байналхалқӣ, ки ташкили ихтисоси мазкурро муайян мекунанд, ҷараёни истеҳсолоти ичроия ва инчунин механизмҳои иҷроиши маҷбурӣ нисбати парвандаҳо оиди рӯёнидани нақдӣ ва ғайринақдӣ, дар асоси дастурҳои Комиссияи аврупо оид ба муфиднокии адолати судӣ, иборат мебошад.
Дар қарори Суди аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон гуфта мешавад: “Иҷрои қарорҳои суд дар мӯҳлатҳои лозима бояд қисми ҷудонашавандаи ҳуқуқ барои баррасии адолатноки судӣ гардад, зеро ҳуқуқи дастрасӣ ба суд ғайривоқеӣ (гумроҳкунанда) мегардид, агар қарори ҳатмии суд бар хилофи яке аз тарафҳо беамал боқӣ монад”.
Машғулияти таълимӣ оиди баланд бардоштани тахассуси иҷрочиёни судӣ барои татбиқ намудани тавсияҳои семинари минтақавӣ оиди “Ташаккули системаи адолати судӣ” (ш.Брюссел, 12-13 ноябри соли 2012) ва инчунин принсипҳое, ки дар Конфронси Сеюми Вазирони адлияи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо (ш.Брюссел, 6-7 декабри соли 2012) ҷонибдорӣ шудаанд, ташкил карда мешавад.
«Ташаббуси волоияти қонуни ИА барои Осиёи Марказӣ», ҳамчун ҷузъи муҳими Дурнамои ИА барои ҳамкории нав бо Осиёи Марказӣ буда, бо мақсади мусоидат намудан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррифии таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи волоияти қонун сохтори минтақавии ҳамаҷонибаро ташкил мекунад. Дар доираи Ташаббуси волоияти қонун лоиҳаи «Платформаи волоияти қонун » нақши механизми ёридиҳандаи рушди муколамаи дурнамо ва пешбарии чораҳои зарурии ислҳоти ҳуқуқиро дар ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ мебозад.
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста